Муносибатҳо бо кӯдакони хурдсол: ғояҳо ва маслиҳатҳо
Дар бораи муносибат бо кӯдакон
Муносибатҳои гарму самимӣ, устувор ва ҳассос барои инкишоф ва некӯаҳволии кӯдакон аҳамияти калон доранд.
Вақте ки Шумо бо кӯдак чунин муносибат доред, ӯ худро бехатар ҳис мекунад. Ҳисси бехатарӣ ба ӯ боварӣ мебахшад, ки ӯ метавонад ҷаҳонро кашф кунад ва омӯзад. Ҳангоме ки кӯдак ҷаҳони атрофро меомӯзад, ӯ фикр кардан, фаҳмидан, муошират кардан, эҳсосот нишон додан ва малакаҳои иҷтимоиро инкишоф доданро ёд мегирад.
Муносибати Шумо бо кӯдаки хурдсол: чиро бояд интизор шуд
Кӯдакон дар давраи аввали кӯдакӣ босуръат инкишоф меёбанд ва Шумо эҳтимол мебинед, ки муносибати Шумо бо ӯ тағйир меёбад.
Кӯдаки Шумо мефаҳмад, ки ӯ шахси мустақил аст ва мехоҳад соҳибихтиёр бошад, масалан, ӯ метавонад худаш мустақилона хӯрок хӯрад ё либос пӯшад. Илова бар ин, вақте ки ӯро аз он чизе, ки ӯ ба худ мақсад гузоштааст бозмедоранд, ин ба кӯдак маъқул намешавад. Дар баробари ин, кӯдак шояд аз ҷудо шудан аз Шумо метарсад ва намехоҳад, ки Шумо ӯро бо одамони дигар монед.
Қобилияти кӯдаки Шумо барои истифода бурдан ва фаҳмидани забон хеле зуд инкишоф меёбад. Рушди нутқ маънои онро дорад, ки барои Шумо бештар машғулиятҳо ва бозиҳои якҷоя дастрас мешаванд ва Шумо метавонед малакаҳои иҷтимоӣ, ба монанди, мубодила ва бо навбат гап задан, шурӯъ кунед. Масалан, ҳангоми бозӣ бо тӯб Шумо метавонед фаҳмонед: «Ҳозир ту тӯбро ғелон» ва «Акнун навбати ман аст».
Эҳсосоти кӯдаки Шумо низ инкишоф меёбанд. Ӯ эҳсосоти сахтро ҳис хоҳад кард, аммо на ҳама вақт қодир аст онҳоро идора кунад ё барои ифода кардани онҳо калимаҳо пайдо кунад. Чунин мешавад, ки кӯдакон ғаму андӯҳи худро бо ғашкунӣ баён мекунанд. Агар Шумо ба ҳиссиёти фарзандатон диққати ҷиддӣ диҳед, мебинед, ки баъзан ғашкуниро пешгирӣ кардан мумкин аст. Илова бар ин, таваҷҷӯҳ ба эҳсосот ҳамеша як роҳи хуби таҳкими муносибатҳои шумост.
Кӯдакони хурдсол алоқамандии байни корҳое, ки онҳо мекунанд ва дар натиҷа чӣ мешавад, дарк мекунанд, масалан, агар кабӯтарҳоро таъқиб кунед, онҳо парвоз мекунанд. Шумо метавонед дарк кунед, ки ҳоло бо кӯдаки худ назар ба пештара вақтро хеле фаъолтар мегузаронед. Аммо агар Шумо ҳангоми атрофро омӯхтани кӯдак дар наздикии ӯ бошед, ӯ худро бехатар ҳис мекунад ва метавонад чизҳои навро омӯзад.
Муносибати қавии байни волидайн ва кӯдак на танҳо якҷоя вақтхушӣ кардан аст. Бо таваҷҷӯҳ ба эҳсосоти кӯдак, таъриф намудани ӯ барои рафтори мусбӣ ва ёрӣ додан ба ӯ дар ёфтани калимаҳо барои ифодаи эҳсосот, Шумо ба ӯ дар ташаккули рафтори мувофиқ кӯмак мерасонед.
Барпо намудани муносибати қавӣ бо кӯдак: маслиҳатҳо
Барои кӯдакони ҳар синну сол меҳрубонӣ ва ҳассосияти волидайн муҳим аст. Инҳоянд чанд маслиҳат оид ба нигоҳ доштани чунин муносибат бо кӯдак:
- Ба кӯдаки худ диққати мусбӣ диҳед. Ин метавонад як чизи оддиро дар бар гирад, ба монанди зону задан дар паҳлӯи кӯдаки хурдсол ва бо нармӣ ба оғӯш гирифтани ӯ, вақте ки ӯ дар қуттии рег ба Шумо чизе нишон медиҳад.
- Барои машғулиятҳои шавқовар ва бозӣ кардан вақт пайдо кунед. Масалан, кӯдакони хурдсол либос иваз кардан, бо қуттиҳои калони холӣ бозӣ кардан ва дар боғ ё боғи фароғатӣ давиданро дӯст медоранд. Беҳтар аст, ки кӯдакро танҳо ташвиқ кунед, ки он чизеро, ки ҳоло ба ӯ маъқул аст, анҷом диҳад.
- Якҷоя хонед. Хониши мунтазам бо кӯдак - вақти махсус барои муошират аст. Он инчунин тасаввуроти кӯдаки шуморо ҳавасманд мекунад ва ба ӯ кӯмак мекунад, ки дар бораи ҷаҳони атрофаш маълумот гирад.
- Бо тамоми оила дар сари дастархони умумӣ хӯрок хӯред. Дар сари дастархон муносибатҳои оилавӣ ва эҳсоси кӯдак, ки ӯ як қисми чизи рӯйдодаистода мебошад, мустаҳкам мешавад.
- Мустақилияти афзояндаи кӯдакро тавассути иҷозат додан ба ӯ барои қабули қарорҳо дастгирӣ кунед. Масалан, Шумо метавонед аз ӯ хоҳиш кунед, ки аз ду намуди хурок ё либос намояд.
- Агар кӯдаки Шумо хафа ё ғамгин бошад, ба ӯ кӯмак кунед, эҳсосоти худашро баён карда тавонад, масалан, «Оҳ! Банан афтод. Ҳеҷ гап не. Дар табақи ту банани дигар ҳаст». Фаҳмидани эҳсосот як ҷузъи асосии худтанзимкунӣ мебошад, ки барои ҳама муносибатҳои кӯдак, ҳозир ва дар оянда, муҳим мебошад.
- Агар ба кӯдак аз Шумо ҷудо шудан душвор бошад, бо ӯ дар ин бора сӯҳбат кунед, масалан: «Ман бояд ба мағоза барои хариди хӯрокворӣ равам. Бибӣ бо ту аст, шумоён бозӣ мекунед, ва то вақти хоб рафтанат мерасад, ман аллакай бармегардам». Кӯдакон худро бехатар ҳис мекунанд, агар донанд, ки ба Шумо кай рафтан лозим аст, дар ин вақт дар куҷо ва бо кӣ хоҳанд буд ва кай Шумо бармегардед.
- Вақте ки Шумо якҷоя вақтхушӣ карданро ба нақша мегиред, табъи фарзанди худро дар назар доред. Масалан, агар Шумо кӯдаки на он қадар одамдӯст дошта бошед, беҳтар аст, ки дар хона монед ва якҷоя расм кашед, на ба маркази сермағали кӯдакон равед.
Муҳим аст, ки ба худ ғамхорӣ кунед. Дар як рӯз ҳатто якчанд дақиқа ҷудо кардан барои машғулиятҳое, ки ба Шумо маъқул аст, ба монанди сайру гашт ё хондани китоб, метавонад дар дарки вақти бо фарзандатон сарфкарда аҳамияти муҳим дошта бошад. Муҳим аст, ки дар бораи худ ғамхорӣ кунед - ин ба манфиати Шумо ва аз ин рӯ ба муносибати Шумо бо кӯдакатон ва рушди ӯ аст.